Булбуло, ҳар шаб туро ин нолаҳои зор чист?

Булбуло, ҳар шаб туро ин нолаҳои зор чист?
Лаҳнҳои хуш зи минқорат чу мусиқор чист?

Ҳар сабақ, к-аз дафтари гул хондаӣ, чун ёди туст,
З-аввали шаб то дами субҳ ин ҳама такрор чист?

Гар наӣ Мӯсову бустон водии Айман туро,
Ин фурӯзон оташи гул бар дарахти хор чист?

Гарна гулшан коргоҳи Монӣ аст аз тозагул,
Ҳар тараф сад доира бе гардиши паргор чист?

Воизам хонад ба зуҳду тавбаву мутриб ба май,
Дар миён ман монда ҳайрон, то салоҳи кор чист?

Солҳо дар хидмати пири муғон зуннорбанд,
То шавад равшан, ки сирри бастани зуннор чист?

Ҳар чӣ ояд, чун бувад бар мӯҷиби фармони дӯст,
Зоҳиди хилватнишинро ин ҳама пиндор чист?

Бар сарири хома, Ҷомӣ, гарна чашмат хун гирист,
Ҷо ба ҷо сурхӣ туро бар дафтари ашъор чист?

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»