Аз тунгҳои шаккари ноб он даҳан беҳ аст

Аз тунгҳои шаккари ноб он даҳан беҳ аст
В-аз меваҳои боғи биҳишт он зақан беҳ аст.

Аз тан қабо бикаш, ки ҳиҷобест бас касиф,
Андоми нозукат ба таҳи пераҳан беҳ аст.

Гуфтӣ, ки шод зӣ, ки намурдӣ зи ҳаҷри ман,
Дар роҳи ишқ мурдан аз ин зистан беҳ аст.

Дорам ҳавои кӯйи ту ҳар ҷо, ки меравам,
Пеши ғариб аз ҳама олам ватан беҳ аст.

Аз баҳри Юсуфе чу Зулайхо ба кӯйи ишқ
Марде, ки ҷон набохт, аз он мард зан беҳ аст.

Ҷомӣ, зи буди худ бигузар дар сафи сагон-ш,
Хилват дар анҷуман, сафар андар ватан беҳ аст.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»