Роҳат аз дида рафтанам ҳавас аст

Роҳат аз дида рафтанам ҳавас аст,
Сар ба роҳи ту хуфтанам ҳавас аст.

Ҳар шабе бар хаёли мақдами ту
Хонаи дида руфтанам ҳавас аст.

Нест сирри дилам ба ҷуз ҳавасат,
Лек ин сир нуҳуфтанам ҳавас аст.

Хоҳамат аз латифа лаб хандон,
Лаъли сероб суфтанам ҳавас аст.

Бе ҷамолат чу ғунча тангдилам,
Бо ту чун гул шукуфтанам ҳавас аст.

Носазоям макун ҳавола ба кас,
К-аз забонат шунуфтанам ҳавас аст.

Ҳаст дар ҳоли хеш Ҷомии лол,
Ҳоли ӯ бо ту гуфтанам ҳавас аст.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»