Ай хуш он ошиқ, ки бо ёри худ аст

Ай хуш он ошиқ, ки бо ёри худ аст,
Зинда аз дидори дилдори худ аст.

Хуррам он булбул, ки бо гулбонги шавқ
Карда ҷо бар тарфи гулзори худ аст.

Метапад нолон дили ман, гӯиё,
Дар самоъ аз нолаи зори худ аст.

Барнадорад ёри мо з-ойина чашм,
Ҳамчу мо муштоқи дидори худ аст.

Бо лаби нӯшин табиб омад, вале
Дар камини ҷони бемори худ аст.

Кай чашад завқи гирифтории ишқ,
Ҳар кӣ чун зоҳид гирифтори худ аст.

Умри Ҷомӣ гарчи дар кори ту рафт,
То ту рафтӣ, бе ту дар кори худ аст.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»