Чӣ латиф аст қабо бар тани чун сарви равонат

Чӣ латиф аст қабо бар тани чун сарви равонат,
Оҳ, агар чун камарам даст расидӣ ба миёнат!

Дар дилам ҳеч наёяд, магар андешаи васлат,
Ту на онӣ, ки дигар кас бинишинад ба маконат.

Гар ту хоҳӣ, ки якеро сухани талх бигӯӣ,
Сухани талх набошад, чу барояд зи даҳонат.

На ман ангуштнамоям ба ҳаводории рӯят,
Ки ту ангуштнамоию халоиқ нигаронат.

Дари андеша бибастам, қалами ваҳм шикастам,
Ки ту зеботар аз онӣ, ки кунам васфу баёнат.

Сарвро қомати хуб асту қамарро рухи зебо,
Ту на онию на инӣ, ки ҳам ин асту ҳам онат.

Эй рақиб, ар накушоӣ дари дилбанд ба рӯям,
Ин қадар боз намоӣ, ки дуо гуфт фалонат.

Ман ҳама умр бар онам, ки дуогӯи ту бошам,
Гар ту хоҳӣ, ки набошам, тани ман бархии¹ ҷонат!

Саъдиё, чора субот асту мудорову таҳаммул,
Ман ки муҳтоҷи ту бошам, бибарам бори гаронат.


¹ Фидо, қурбон.