Бар офтоб силсилаи пуршикан мапеч

Бар офтоб силсилаи пуршикан мапеч,
Мушкинтаноб бар варақи ёсуман мапеч.

Захмам задӣ ҳазор зи як нукта, ай рақиб,
Монанди мор ин ҳама бар хештан мапеч.

Бар тан шаҳиди ишқи туро хун либос бас,
Чун мурдаи фусурдааш андар кафан мапеч.

Хоҳам, ки сар ниҳӣ ба канорам ба вақти хоб,
Имшаб Худойро, ки сар аз ҳукми ман мапеч.

Бошад, дило, фасонаи он зулф бас дароз,
Тӯморвор дар сифаташ бар сухан мапеч.

Бӯяш ба ҳар машом дареғ ояд, ай насим,
Магзар дар он қабову дар он пераҳан мапеч.

Ҷомӣ туро камол бас аст ин тариқи хос,
Дар таври шеъри Хусраву назми Ҳасан мапеч.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»