Боғбон мехост буррад шохе аз сарви баланд

Боғбон мехост буррад шохе аз сарви баланд,
Дид, к-ӯ монад ба қаддат, арра дар нармӣ фиганд,

То лабатро дидаам ҳаргиз нарафта-ст аз дилам,
Не бад-ин часпандагӣ шаҳд аст, не ҷуллоби қанд.

Менагӯям чун сипанду оташ аст он холу рух,
Кай чунин ором гирад бар сари оташ сипанд.

Ошиқи ранҷурро, к-аз лаъли ту монда-ст дур,
Гарчи бошад шарбати Исо, наяфтад судманд.

Ҷон басе кандем баҳри гавҳаре аз кони васл,
Кон агар ин асту гавҳар, ҷон басе хоҳем канд.

Дуди оҳи ман, ки печон меравад то осмон,
Кунгури мақсудро хоҳад шудан рӯзе каманд.

Аз саодат он ду рух бар ошиқон омад ду дар,
Ё Раб, абвоби¹ саодат бар рухи Ҷомӣ мабанд.


¹ Абвоб – дарҳо.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»