GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Меравад умри гаронмояву мо ғофил аз ӯ

Меравад умри гаронмояву мо ғофил аз ӯ,
Ваҳ, ки ҷуз меҳнату андӯҳ нашуд ҳосил аз ӯ.

Дилхушӣ чанд, ки мо ҳамсафарони моҳем,
Чун шавад дурии мо беш ба ҳар манзил аз ӯ.

Сохт бе талъати худ рӯзу шаби мо моҳе,
Он кӣ чархи маҳу хуршед бувад маҳмил аз ӯ.

Қоматаш Тӯбиву лаб Кавсару рух талъати Ҳур,
Кӣ бувад, равзаи Фирдавс шуда маҳфил аз ӯ?

Хез, то домани он тозагул орем ба каф,
Чанд чун лола нишинем ба доғи дил аз ӯ.

Шуд бурун сели сиришк аз ҳаду наздик расид,
Ки пазирад халал ин сурати обу гил аз ӯ.

Ҷомӣ аз зуҳду вараъ мушкили ишқат накушуд,
Ҷоми май гир, магар ҳал шавад ин мушкил аз ӯ.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Чархи ахзар, к-аз ду чашмам хост мавҷи хун дар ӯ
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай з-абрувонат муттасил ушшоқро меҳроб ду
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай ашки сурх, дамбадам аз чашми тар марав
Абдураҳмони Ҷомӣ Оби чашмам то ба моҳӣ рафт, оҳам то ба моҳ
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳадиси Ҷаму ҷом лоғ асту лоба
Абдураҳмони Ҷомӣ Он ки болои туро афрохта
Абдураҳмони Ҷомӣ Расид аз раҳ он шоҳи хубон пиёда
Абдураҳмони Ҷомӣ Маро дилест ба сад гуна дард парварда
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай гашта дилам ҳазорбора
Абдураҳмони Ҷомӣ Он шӯх расид инаку халқе ба назора
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР