Сари зулфат гираҳ бар кори ман зад

Сари зулфат гираҳ бар кори ман зад,
Лаби лаълат дам аз озори ман зад.

Дилам ҷуз роҳи ҳушёрӣ намерафт,
Хатат роҳи дили ҳушёри ман зад.

Ба худ пиндори сабрам буд, к-оташ
Ғамат дар хирмани пиндори ман зад.

Ба хуни дил ғаматро килки мижгон,
Рақам бар сафҳаи рухсори ман зад.

Ба ақлам кай расад даъвӣ, ки ишқат
Қафои ақли даъвидори ман зад.

Ба сина ишқ санги меҳнатам кӯфт,
Дари ганҷинаи асрори ман зад.

Қабули дӯст бас, Ҷомӣ, чӣ бок аст,
Рақиб ар таъна бар гуфтори ман зад.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»