Ишрати Хусраву Ширин саҳарам ёд омад

Ишрати Хусраву Ширин саҳарам ёд омад,
Кӯҳи ғам бар дилам аз меҳнати Фарҳод омад.

Бонги занҷир ниҳоданд лақаб бехабарон,
Оҳан аз нолаи Маҷнун чу ба фарёд омад.

Гарна шамшоди гуландоми ман аз боғ гузашт,
Чун сабо ҳамдами бӯйи гулу шамшод омад.

Одамизодабутон офати аҳли назаранд,
Офати ҷони ман он шӯхи паризод омад.

Чун зиреҳ гашт мушаббак¹ сипари сина маро,
Бар дилам баски аз ӯ новаки бедод омад.

Ҳушёрони ҷаҳон бандаи ҳирсу амаланд,
Ай хуш, он маст, к-аз ин бандагӣ озод омад.

Нуқтаи ишқ ба ҳинҷор, ки гӯяд дар шеър,
Ғайри Ҷомӣ, ки дар ин ҳар ду фан устод омад.


¹ Мушаббак – сӯрох-сӯрох.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»