Абдураҳмони Ҷомӣ

Он шӯх расид инаку халқе ба назора

Он шӯх расид инаку халқе ба назора,
Чун нест маро тоқати наззора, чӣ чора?

Ҳар кас ба сари роҳ равад баҳри тамошо,
Мискин мани ҳайрон кунам аз дур назора.

Хоҳам, ки давам пеши инонаш чу ғуломон,
Ҳар ҷо, ки расад пеши ман он моҳ савора.

Чун мотамиён чанд кунам навҳа дар ин кӯй,
Рухсори харошидаву пероҳани пора.

Бехобии моро агар он шамъ надонад,
Ай кош, бипурсад шабе аз моҳу ситора!

Хоҳам, ки ба як захм аз ӯ кушта нагардам,
Бошад, ки кашам лаззати теғаш ду-се бора.

Нагрифт дар он сангдил афсонаи Ҷомӣ,
Ҳарчанд ки хун мешавад аз вай дили хора.