GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Соқӣ, биё, ки доранд акнун ба каф пиёла

Соқӣ, биё, ки доранд акнун ба каф пиёла,
Бар тарфи боғ наргис, бар рӯйи дашт лола.

Аз ҷоми лола майгун гашта-ст ғунчаро лаб,
Ё худ ба захми дандон дар хун гирифт жола.

Ҳар дам зи дафтари гул хонад ба боғ булбул,
Ҳарфе, ки шарҳ додан натвон ба сад рисола.

Бо духтари раз аз сар бастем тоза ақде,
Маҳсули ақлу дониш кардем дар қабола.

Не ман ба худ фитодам дар кӯйи ишқу мастӣ,
Аз қисмати азал шуд ин давлатам ҳавола.

Маҳ мекунад таназзул баъд аз чаҳордаҳ, лек
Ҳар лаҳза дар тараққист он моҳи ҳаждасола.

Олист қасри ишрат он шоҳи ошиқонро,
Ҷомӣ, баландтар кун оҳанги оҳу нола.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Гар бинолам, зи дили хора барояд нола
Абдураҳмони Ҷомӣ Хушо, май аз кафи он моҳи чордаҳсола
Абдураҳмони Ҷомӣ Муғаннӣ ба овози чангу чағона
Абдураҳмони Ҷомӣ Гаҳе бӯсам ба мастӣ пойи хум, гаҳ дасти паймона
Абдураҳмони Ҷомӣ Боре дигарам каш ба ҷафо, доғ ба сина
Абдураҳмони Ҷомӣ Рухат, ки ҳамчу гул аз тоби май арақ карда
Абдураҳмони Ҷомӣ Манам акнун ба сари кӯйи вафо хок шуда
Абдураҳмони Ҷомӣ То бастаӣ ба турраи анбарфишон гиреҳ
Абдураҳмони Ҷомӣ Боз ою марҳаме ба дили реши хаста неҳ
Абдураҳмони Ҷомӣ Бар барги гул рақам зи хати анбарин манеҳ
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР