Он ки теғи меҳри ӯ дар сина сад чокам занад

Он ки теғи меҳри ӯ дар сина сад чокам занад,
Куштаи онам, ки чун маҳ хайма бар хокам занад.

Шӯям аз хуни ҷигар гар сад рақам, ҳар дам қалам
Ҷуз хаёли хатти ӯ бар лавҳи идрокам занад.

Гарчи боғеам хазондида, шавам рашки баҳор
Абри лутфаш гар каме бар хоку хошокам занад.

Ҷуз ҳавас набвад ҳиҷоби роҳ, гӯ, аз барқи ишқ
Ламъае, к-оташ дар ин ҷони ҳаваснокам занад.

З-он баҳори лутф хоҳам буд лабхандон чу гул,
Гарчи сад чок аз ҷафо дар домани покам занад.

Гар аҷал бинад, ки чун мемирам аз як захм, зуд
Бӯсаҳо бар ханҷари бадхӯйи бебокам занад.

Гуфтам аз Ҷомӣ чӣ ҷурм омад, к-аз ӯ печӣ инон,
Гуфт: – Дасти орзу то кай ба фитрокам занад.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»