Муғаннӣ ба овози чангу чағона,
Чӣ хуш гуфт вақти сабуҳ ин тарона,
Ки, ай хоҷа, бархез, к-анфоси умрат
Бувад мояи давлати ҷовидона.
Дар ин базмгаҳ чанд ғофил нишинӣ
Зи савту ағониву¹ ҷоми муғона.
Мабош аз майи лаъл ғофил замоне,
Ки пайдост поёни кори замона.
Ғанимат шумар рӯзи ишрат, кӣ донад,
Ки рӯзи дигар зинда бошем, ё на?
Ба ҳар хона, к-аз дӯст ёбам нишоне,
Натобам сари хидмат аз остона.
Ба Каъба марав, Ҷомӣ, аз хонаи худ,
Ки холӣ набошад аз ӯ ҳеҷ хона.
¹ Ағонӣ – ҷамъи ағния, сурудҳо.
Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.