Абдураҳмони Ҷомӣ

Гаҳе бӯсам ба мастӣ пойи хум, гаҳ дасти паймона

Гаҳе бӯсам ба мастӣ пойи хум, гаҳ дасти паймона,
Кунам дарюзаи файз аз бузургу хурди майхона.

Ба кӯйи зуҳдам, ай носеҳ, махон аз маҷлиси мастон,
Ба каф як дона нуқлам беҳтар аз тасбеҳи саддона.

Зи гуфтугӯйи ишқи мо бирафт аз ёд давронро
Мақолоти гулу булбул, ҳадиси шамъу парвона.

Чӣ созам бо ту тоза ошноиҳои деринро?
Чу дорад қадр беш аз ошно пеши ту бегона.

Чу ту сангам занӣ, ман носазо гӯям рақибонро,
Наҷӯяд ҷуз пайи дашном тифл озори девона.

Чу орояд туро машшота, дар ҳар ҳалқаи зулфат
Ҳазорон риштаи ҷон бигсилад з-омадшуди шона.

Чӣ бошад кори мардон? – Ишқу пас мардона ҷон додан,
Гирифтӣ кори мардон пеш, Ҷомӣ, бош мардона!