Бараҳнагони чаман боз сабзпӯш шуданд

Бараҳнагони чаман боз сабзпӯш шуданд,
Зи теғи ҳурсипар ринди боданӯш шуданд.

Навои айш зад аз шохи сарв мурғи саҳар,
Маоширон ҳама дар наъраву хурӯш шуданд.

Фақеҳи мадраса бо толибони ҳалқаи дарс
Кашида саф, ба дари пири майфурӯш шуданд.

Куҷост тоқати май сӯфиёни савмааро,
Ки ночашида ба бӯйе зи ақлу ҳуш шуданд.

Хуш он касон, ки чунон масту бехуданд имрӯз,
Ки фориғ аз ғами фардову ёди дӯш шуданд.

Ҳадиси ишқ ба тақлид лаззате надиҳад,
Хуш он гурӯҳ, к-аз он гуфтугӯ хамӯш шуданд.

Расид гуфтаи Ҷомӣ ба булбулони чаман,
Забони нутқ бибастанду ҷумла гӯш шуданд.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»