Хубрӯёни ҷаҳон расми вафо нашносанд

Хубрӯёни ҷаҳон расми вафо нашносанд,
Қадри ёриву вафодории мо нашносанд.

Ҷуз раҳи ишқи бутон роҳи дигар меҷӯянд,
Аҳли тақлид, ки роҳе ба Худо нашносанд.

Пой то сар ҳама дарданд асирони ту, лек
Чораи дард надонанду даво нашносанд.

Қосиде маҳрами асрори саропардаи ту
Ҷуз насими саҳару боди сабо нашносанд.

Чӣ дурахшанда ҷабиневу фурӯзанда узор,
К-аз маҳат ҷуз ба камар, ё ба қабо нашносанд.

Мушкбӯиву сияҳчашм бад-он сон, ки туро
З-оҳуи Чину ғизолони Хито нашносанд.

Зарқу солуси ту, Ҷомӣ, ба Хуросон шуд фош,
Рӯй дар мамлакате неҳ, ки туро нашносанд.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»