Бар дили ошиқ чу захм аз ништари хоре расад

Бар дили ошиқ чу захм аз ништари хоре расад,
З-он гули роҳат дамад, чун аз кафи ёре расад.

Чун ба силӣ рониям, хоҳам, ки дорам дида пеш,
Лек тарсам, к-аз мижа бар дастат озоре расад.

Бар касам набвад ҳасад, ҷуз он ки чун хоҳад дилаш,
Аз ҷамоли чун ту дилдоре ба дидоре расад.

Меҳнати соҳибдилон бошад ғараз чун дар ҷаҳон,
Навбати хубии ҳамчун ту ҷафокоре расад.

Чун гирифт акнун ба иқрорам ба ту хотир қарор,
З-он чи ғам дорам, ки касро бар ман инкоре расад.

Кӯйи ту беморҷойи шаҳрро монад, ки чун
Бигзарам бар вай, зи ҳар сӯ нолаи зоре расад.

Ҷомӣ аст, он бо сагонат мекунад арзи ниёз,
Гар ба гӯшат нимшаб оҳиста гуфторе расад.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»