GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ То бастаӣ ба турраи анбарфишон гиреҳ

То бастаӣ ба турраи анбарфишон гиреҳ,
Ушшоқро фитода ба рагҳои ҷон гиреҳ.

Мекард шона шарҳи ҷамоли ту мӯ ба мӯ,
Ногаҳ фиганд зулфи туаш бар забон гиреҳ.

Соқӣ зи ҷоми лаъли ту як нукта гуфт дӯш,
Дар ҳалқи шиша шуд майи чун арғувон гиреҳ.

Хоҳад фиреби мурғи чаман боғбон, ки зад
Ҷаъди бунафша бар тарафи бӯстон гиреҳ.

Мо хун кушода баҳри шакархандааш зи чашм
В-ӯ худ ба рағми мо зада бар абрувон гиреҳ.

Тоби гираҳ наёварад аз лутф он миён,
Мафган, Худойро, зи камар бар миён гиреҳ!

То дид Ҷомӣ он гираҳи зулф бар узор,
Сад орзуст дар дили мискин аз он гиреҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Боз ою марҳаме ба дили реши хаста неҳ
Абдураҳмони Ҷомӣ Бар барги гул рақам зи хати анбарин манеҳ
Абдураҳмони Ҷомӣ Соқиё, софи майи айш ба худкомон деҳ
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай ғамат ҳар лаҳза ҷони нотавоне сӯхта
Абдураҳмони Ҷомӣ Дил, к-он хаёли нозук бо худ хаёл баста
Абдураҳмони Ҷомӣ Кай бувад ҷонам зи банди ғам раҳоӣ ёфта
Абдураҳмони Ҷомӣ Кист меояд қабо пӯшида, доман барзада
Абдураҳмони Ҷомӣ Бирафт он моҳу моро дар дил аз вай сад ҳавас монда
Абдураҳмони Ҷомӣ Чашм накшоӣ зи ноз, охир, чӣ ноз аст ин ҳама?
Абдураҳмони Ҷомӣ Кушод ганҷи ҷавоҳир ба бӯстон жола
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР