Манам имрӯз ҳарифи қадаҳошоме чанд

Манам имрӯз ҳарифи қадаҳошоме чанд,
Чеҳра рангин чу гул аз бода гуландоме чанд.

Баҳри соқигарию мутрибию қавволӣ,¹
Карда ором дили хеш дилороме чанд.

Водии Қудс бувад кӯйи муғон, бод сарам
Хоки пое, ки дар ин кӯй занад гоме чанд.

Пар баромад дилам аз меҳнати айёми фироқ,
Маҳраме ку, ки фиристам ба ту пайғоме чанд.

Ваъдаи бӯса набошад зи ту ҳадди чу мане,
Ҳастам аз лаъли ту хушнуд ба дашноме чанд.

Мо ба бадномии ишқем накӯномшуда,
Воизо, чанд барӣ арзи накӯноме чанд.

Ҷомӣ андӯҳи ҷаҳон чанд, ба майхона дарой,
Як-ду дам пойи хуме гиру бизан ҷоме чанд!


¹ Қаввол – сурудхон, ҳофиз.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»