Ашкам ба гулӯ гар раҳи фарёд набандад

Ашкам ба гулӯ гар раҳи фарёд набандад,
Нола гираҳам дар дили ношод набандад.

Аз килки мусаввир маталаб сурати Ширин,
К-ин нақш ба ҷуз тешаи Фарҳод набандад.

Тарсам раги ҷон бигсаладам, кош аз ин пеш,
Он мӯйи миён ханҷари бедод набандад.

Гӯ, хуни маро рез чу ҷаллод ба шарте,
К-аз рӯйи худам дида чу ҷаллод набандад.

Гар фохта бинад ба чаман кокули он сарв,
Дар дил шикани турраи шамшод набандад.

Маҳмилкаши ҳоҷӣ чу бувад Хизр, чӣ бок аст,
Гар матҳара аз Даҷлаи Бағдод набандад!

Устоди хат омад, лаби ӯ кай шавад устод,
Ҷомӣ чу хаёли хати устод набандад.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»