Абдураҳмони Ҷомӣ

Кай бувад ҷонам зи банди ғам раҳоӣ ёфта

Кай бувад ҷонам зи банди ғам раҳоӣ ёфта,
Дида аз дидори ҷонон рӯшноӣ ёфта?

Кай бувад ҷони фигору синаи маҷрӯҳи ман,
Марҳами васле бар ин доғи ҷудоӣ ёфта?

Кай бувад з-он хатти ҷонафзою лаъли дилкушой
Бахти ман фирӯзиву комам равоӣ ёфта?

Кай бувад дасти ману он турраи анбарфишон,
К-аз насимаш ҷаъди сунбул атрсоӣ ёфта?

Рафт аз ин бустон навои айшу барги хуррамӣ,
Хуррам он мурғе, ки барг аз бенавоӣ ёфта!

Булбули бесабру дил бо хор аз он дарсохтаст,
К-аз гули ин боғ бӯйи бевафоӣ ёфта.

Бо сарири шоҳиву тоҷи каёнӣ Ҷам наёфт,
Ҷомӣ, он ганҷе, ки дар кунҷи гадоӣ ёфта.