Кай бувад, кай, ки шаби меҳнати ман рӯз шавад

Кай бувад, кай, ки шаби меҳнати ман рӯз шавад,
Субҳи иқболи ман он рӯйи дилафрӯз шавад.

Бе ту аз сина чу хоҳам, ки барорам нафасе,
Норасида ба лабам оҳи ҷигарсӯз шавад.

Кай шавад дӯхта чоки дилам аз теғи ғамат,
Гар ба ҳар мӯ мижаат новаки дилдӯз шавад.

Гар мутеаш шавад ин гунбади фирӯза, чӣ суд,
Ҳар кӣ бар давлати васли ту на фирӯз шавад?!

Чун раҳам боз зи ғамҳои ҷаҳон, гарна ғамат
Мояи шодии ин ҷони ғамандӯз шавад.

Чун алиф ростии қадди ту бинад, чӣ аҷаб,
К-аз пайи хидмати ту долсифат кӯз шавад.

Ҳарфе аз сирри хатат гар бинависад, Ҷомӣ,
Пеши ӯ пири хирад тифли навомӯз шавад.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»