GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Кист меояд қабо пӯшида, доман барзада

Кист меояд қабо пӯшида, доман барзада,
Шакли шаҳрошӯби ӯ оташ ба олам дарзада.

Карда дар дини мусулмонон ҳазорон рахна беш,
Ҳар хаданги фитнае, к-аз ғамза он кофар зада.

Кай барояд моҳ бо хуршеди оламтоби ӯ,
Гар занад бар моҳи тобон таънае, дарх(в)ар зада.

Рӯ ба раҳ аз қомати ӯям мани бесабру дил,
Гарчи дар ҳар гом роҳи бедиле дигар зада.

Дарди сар кам деҳ, табибо, чун зи марҳам хуштар аст,
Захми он санге, ки дарбонаш маро бар сар зада.

Дам ба дам хун меравад аз чашми пурнам, то маро
Бар раги ҷон ғамзаи хунрези ӯ наштар зада.

Ҳар куҷо нӯшид Ҷомӣ бода бо ёрон, нахуст
Бӯсаҳо аз шавқи лаълаш бар лаби соғар зада.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Бирафт он моҳу моро дар дил аз вай сад ҳавас монда
Абдураҳмони Ҷомӣ Чашм накшоӣ зи ноз, охир, чӣ ноз аст ин ҳама?
Абдураҳмони Ҷомӣ Кушод ганҷи ҷавоҳир ба бӯстон жола
Абдураҳмони Ҷомӣ Ашке, ки туро бар гули рухсор давида
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳусни хеш аз рӯйи хубон ошкоро кардаӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай, к-аз он ороми ҷонҳо монда танҳо, зиндаӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай, ки маро ба сад ҷафо синафигор кардаӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ Рух барафрӯхтаӣ, моҳи мунаввар шудаӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ Аллаҳ-Аллаҳ чӣ нозанин шудаӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ Ай туро чун ман ба ҳар вайронае девонае
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР