Муддати рафтани он маҳ ба сафар дер кашид

Муддати рафтани он маҳ ба сафар дер кашид,
Муҳлати қосиду таъхири хабар дер кашид.

Ба ғуборе, ки ба ҳар сӯ равад аз мавкаби ӯ,
Орзумандии асҳоби назар дер кашид.

Абри ҷуд асту карам, лек пайи як қатра
Бухлварзӣ-ш бад-ин ташнаҷигар дер кашид.

Ин ҳама нолаи мурғон ба чаман з-он сабаб аст,
Ки ниқоб аз рухи гул боди саҳар дер кашид.

Куштанӣ гаштаам, аз ҷурми бақо, бе рухи ӯ,
Ваҳ, ки дасти аҷалам теғ ба сар дер кашид.

Шаб, ки омад ба сарам хайли хаёлаш хиҷилам,
Ки ба пояш мижаам дурру гуҳар дер кашид.

Нест ҷуз ишқи бутон ҳеҷ ҳунар Ҷомиро,
Хасмии чарх ба арбоби ҳунар дер кашид.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»