Чун қадаҳ к-аз шароб пур гардад

Чун қадаҳ к-аз шароб пур гардад,
Чашмам аз хуни ноб пур гардад.

Моҳи нав соғар, офтоб май аст,
Моҳи нав з-офтоб пур гардад.

Баски сӯзад дилам ҷаҳон, чӣ аҷаб,
Гар зи дуди кабоб пур гардад.

Ташнаи ишқро чӣ суд кунад?
Баҳру бар гар зи об пур гардад.

Накунад кори ним қатраи об,
Гар ҷаҳон аз сароб пур гардад.

Олам аз тоби ҳур зи бурқаи ту
Ба яке риштатоб пур гардад.

Ҳоли худ гар рақам занад Ҷомӣ,
Пушту рӯйи китоб пур гардад.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»