Рух намудӣ, сафо ҳамин бошад

Рух намудӣ, сафо ҳамин бошад,
Хат фузудӣ, бало ҳамин бошад.

Корам аз турраи ту дарҳам шуд,
Кори боди сабо ҳамин бошад.

Кушамат, гуфтаӣ, барои Худо,
Аз барои Худо, ҳамин бошад.

Фикри васли ту ҳар киро гуфтам,
Гуфт: – Молхулиё ҳамин бошад.

Шуд зи меҳрат миси вуҷудам зар,
Асари кимиё ҳамин бошад.

Ту шаҳӣ, хайли некувон ҳашамат,
Ҳашмату кибриё ҳамин бошад.

Бинамо абрувон, ки Ҷомиро
Қиблагоҳи дуо ҳамин бошад.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»