Бо ту якҷо наметавонам буд

Бо ту якҷо наметавонам буд
В-аз ту якто наметавонам буд.

Бо ту дорам чу тан ба ҷон пайванд,
Тани танҳо наметавонам буд.

Бар сари кӯйи ту зи бими рақиб
Ошкоро наметавонам буд.

Бе ту болин нашоядам зи ҳарир,
Сар ба хоро наметавонам буд.

Бар дилам бе ту шаҳр танг омад,
Ҷуз ба саҳро наметавонам буд.

Бидарам хирқаи шикебоӣ,
Чун шикебо наметавонам буд.

Бастам аз нола лаб туро з-ин пеш,
Андӯҳафзо наметавонам буд.

Ману қатъи раҳи адам, чӣ кунам?
Бе ту, қатъо, наметавонам буд!

Ҷуз ба озори теғат осуда,
Ҷомиосо наметавонам буд.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»