Маро бар нӯги мижгон, баски хуни дил ҷигар бандад

Маро бар нӯги мижгон, баски хуни дил ҷигар бандад,
Ба рӯят мардуми чашми маро роҳи назар бандад.

Мазан оташ ба ман, ай маҳ, зи доғи ҳаҷри хеш имшаб,
Мабодо дуди ман роҳи дамидан бар саҳар бандад.

Кашад лутфи ниқобам гоҳу гаҳ ҳирмони дидорат,
Чу зулфат бар гули сурӣ ниқоб аз мушк барбандад.

Раги ҷонам зи завқи он миён шуд бо камар ҳамбар,
Чу бошад аз миён, маҳруми худро бар камар бандад.

Чу накшояд дили ошиқ ба ҷуз дар суҳбати ҷонон,
Ҳамон беҳ, к-ӯ дари суҳбат ба рӯйи халқ дарбандад.

Ба талхӣ мекушо гаҳ-гаҳ даҳон дар носазои ман,
Зи ширинӣ мабодо он ду лаб бар якдигар бандад.

Чу Ҷомӣ васфи он лабҳо нависад, рашҳаи килкаш
Шавад ҷуллоб¹ қанди нобу бар коғаз шакар бандад.


¹ Ҷуллоб – шаҳди қанд, ки бо гулоб омехтаанд ва хосияти доруро дорад.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»