Гиряи талхи ман аз хандаи он лаб нигаред

Гиряи талхи ман аз хандаи он лаб нигаред,
Ташналаб мурдани ман з-он чаҳи ғабғаб нигаред!

Ашкам аз акси лабаш бодасифат рангин шуд,
Соғари чашмам аз ин бода лаболаб нигаред!

Бода хуни ҷигару нуқл ғаму сина кабоб,
Баҳри айшам ҳама асбоб мураттаб, нигаред!

Сӯхтам з-оташи ҳиҷрони вай, инак сад доғ
Ҳамчу табхола маро бар дил аз он таб нигаред!

Чун савора равад он моҳ, ба ҳар гом ӯро
Сад сар афтода ба зери суми маркаб нигаред!

Хуфта он тозаҷавон дар тутуқи иззату ноз
Бар дари ӯ сари пирони муқарраб нигаред!

Баҳри наззораи он маҳ, чу равад лавҳ ба каф,
Саф зада аҳли назар дар раҳи мактаб нигаред!

Ҳусни рухсор ба ҷо хост хаташ гирди узор,
Рӯз норафта ҳанӯз, омадани шаб нигаред!

То занад Ҷомии ғамдида рақам шарҳи фироқ,
Дуди дил бо нами мижгон-ш мураккаб нигаред!

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»