Хиште, ки рӯзи марг маро зери сар ниҳанд

Хиште, ки рӯзи марг маро зери сар ниҳанд,
Дорам ҳамин мурод, к-аз он хоки дар ниҳанд.

Пайкони ту чу сурх шавад з-оташин дилам,
Хуш он ки баҳри доғ маро бар ҷигар ниҳанд.

Сад иқди гавҳар аз мижа резам, чу он ду лаб
Қуфли ақиқ бар дари дурҷи гуҳар ниҳанд.

Н-ояд яке чу даври хатат, гар муҳандисон
Бар гил ҳазор доира аз мушки тар ниҳанд.

Дил шуд хароби ишқ, ҳамон беҳ, ки ақлу дин
З-ин пас матои хеш ба ҷойи дигар ниҳанд.

Бикшо камар дар анҷумани симсоидон,
То дастҳо ба хидмати ту бар камар ниҳанд.

Ширин лабат мадузд зи Ҷомӣ, ки нест айб,
Гар пеши тӯтиёни сухангӯ шакар ниҳанд!

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»