Қадат сарвест,ҷоно, сояпарвар

Қадат сарвест,ҷоно, сояпарвар,
Ба сад дил дар ҳавои ӯ санавбар.

Ба он хат бурдӣ аз аҳли қалам даст,
Набошад, оре, ангуштон баробар.

Чунон бо даъвият дартобам аз шамъ
Ки хоҳам аз тани ӯ барканам сар.

Ҳамин бас дар маориф ваҷди воиз,
Ки кӯбад пой бар болои минбар.

Рақиб ар гӯядат то пеши ушшоқ
Маро бо худ бибар, бо худ маёвар.

Ба расми туҳфа гар Ҷомӣ суйи Форс,
Фиристад ин ғазалро тозаву тар.

Зи ҷони форсигӯёни Шероз,
Барояд наъраи «Аллоҳу Акбар».

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»