Надорам дареғ аз ғамат хеҷ чиз

Надорам дареғ аз ғамат хеҷ чиз,
Ки меҳмони нохонда бошад азиз.

Агар бастият килки Шопур нақш
Шудӣ Хусрават банда, Ширин каниз.

Пайи қимати чун ту симинбаре
Бувад ганҷи зар камтар аз як пашиз.

Бувад мазраи ҳиммати ошиқон
Бурун аз ҳисоби ҷарибу¹ қафиз.²

Дило, хоҳӣ аз ошиқӣ бар хурӣ,
Бишӯй аз ҳама даст в-аз хеш низ.

Ба сели фано деҳ ҳама рахту пахт,
Ба мавҷи балокаш ҳама чизу миз.

Бибар, Ҷомӣ, аз чарбу ширини даҳр,
Чу тифлон макун майли ҷавзу мавиз.


¹ Ҷариб – масоҳати тақрибан баробари даҳ ҳазор метри мураббаъ.
² Қафиз – паймона.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»