Ё ба шамшери ҷафо дар ҷигарам чок андоз

Ё ба шамшери ҷафо дар ҷигарам чок андоз,
Ё ба раҳмат назаре бар мани ғамнок андоз.

Ташналаб хок шудам дар ҳаваси лаъли лабат,
Соғари май бикашу ҷуръа бар ин хок андоз.

Саги тавқи туам он дам, ки кунӣ азми шикор,
Тавқ дар гарданам аз ҳалқаи фитрок андоз.

Рух фурӯзон ба тамошои гулу лола хиром,
Оташ аз рашк ба муште хасу хошок андоз.

Бикушо лаб ба ҳадисеву хирадмандонро
Сирре аз ғайб дар ойинаи идрок андоз.

Чанд соҳибназарон дурди ғаму дард кашанд,
Ай қазо, санг ба майхонаи афлок андоз.

Ҷомӣ, аз ишқ чӣ нолӣ, кӣ туро гуфт, ки дил,
Дар кафи сангдиле саркашу бебок андоз.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»