Он сарви нозукест ниҳода кулоҳ каж

Он сарви нозукест ниҳода кулоҳ каж,
Маст аст гӯиё, ки ниҳад по ба роҳ каж.

Чун тоза шохи гул, ки тамоил кунад зи бод,
Гоҳ аз хавоси бода шавад рост, гоҳ каж.

Ҳарфест бар латофати сунъи дабири дол,
Бар лавҳи оразаш сари зулфи сиёҳ каж.

Афтам хамида пушт ба роҳаш, ки дур нест,
Дар пойи сарви рост, ки хезад гиёҳ каж.

Хоҳӣ шикори сайди мурод, оҳ каш, дило,
Камтар фитад зи савби ғараз тири оҳ каж.

Хуш хотирам зи дӯст ба афсонаи висол,
Хоҳ он фасона рост бувад з-ӯю хоҳ каж.

Ҷомӣ, ба чоҳи ҷоҳ машав сарнагун фурӯ,
Бас марди ростгӯ шавад аз майли ҷоҳ каж.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»