Умрҳо он ки ба сӯям гузаре дошт дареғ

Умрҳо он ки ба сӯям гузаре дошт дареғ,
Тунд бигзашту зи ҳолам назаре дошт дареғ.

Мепарад рӯҳ ба умеди лаби боми ваям,
Ваҳ, ки бахт аз тани ман болу паре дошт дареғ.

Ман ба васфи лаби ӯ тӯтии шаккаршиканам,
На карам буд, ки аз ман шакаре дошт дареғ.

Манам он ошиқи муфлис, ки сипеҳр аз гӯшам,
Ҳалқаи хидмати зарринкамаре дошт дареғ.

Бӯса нагзошт, ки бар хоки кафи по-ш занам,
Он зулол аз лаби хунҷигаре дошт дареғ.

Нимкушта шудам аз як назараш, ҳайф, нигар,
К-аз ақаб баҳри халосам дигаре дошт дареғ.

Обрӯ бод зи хоки дари ӯ Ҷомиро,
Ки рух аз саҷдаи ҳар хоки даре дошт дареғ.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»