GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Дил бурд зи ман ишвагаре, фитнанамое

Дил бурд зи ман ишвагаре, фитнанамое,
Зарринкамаре, каҷкулаҳе, тангқабое.

Дар ҳусну малоҳат чӣ паричеҳра нигоре,
Дар саркашию ноз чӣ шӯхе, чӣ балое!

Ман кай ба висолаш расам, ин бас, ки ба роҳаш
Рӯзе, ки шавам хок, бибӯсам кафи пое.

Сӯзе, ки маро бар ҷигар аз оташи ишқ аст,
Ҷуз шарбати маргаш набувад ҳеҷ давое.

Рӯзе, ки шавам хоку барад бод ба ҳар сӯ,
Ёбанд ба ҳар зарраи ман бӯйи вафое.

Дорӣ сари хунрези ман, инак кафану теғ,
Бо ҳукми ту касро нарасад чуну чарое.

Бошад ғами ҳаҷри ту ба хуноба бар он нақш,
Гар аз сари хокам бидамад барги гиёе.

Ту хандазанон мегузарӣ бехабар аз ман,
Ман гирякунон мекунам аз дур дуое.

Ё Раб, ба чӣ хурсанд шавад Ҷомии бедил,
Рӯзе, ки наёбад зи ту ташрифи балое?

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Осудадило, ҳоли дили зор чӣ донӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ Гар наёбам бӯе аз васли ту дар гулзорҳо
Абдураҳмони Ҷомӣ Бандам ба сина дам ба дам аз сими мижгон торҳо
Абдураҳмони Ҷомӣ Шароби лаъл бошад қути ҷонҳо, қуввати дилҳо
Абдураҳмони Ҷомӣ Бисоти сабза фиканданд кӯҳу саҳроро
Абдураҳмони Ҷомӣ Кист, к-аз хун пуррақам бинад рухи зарди маро
Абдураҳмони Ҷомӣ Рав, ай сабову бигӯ ёри дилситони маро
Абдураҳмони Ҷомӣ Сабукдастӣ кун, ай соқӣ, бидеҳ ратли гарон моро
Абдураҳмони Ҷомӣ Хуш он манзил, ки моҳе бошад он ҷо
Абдураҳмони Ҷомӣ Зиҳӣ, ишқи туро бар куфру дин пушт
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР