Ҳашмати майфурӯш бин, бар дари ӯ зи ҳар тараф

Ҳашмати майфурӯш бин, бар дари ӯ зи ҳар тараф,
Гирди мавоиди карам аҳли сафо кашида саф.

Файзи кароматаш ниҳад дам ба дам аз сафоли май,
Ринди Худошиносро ҷоми ҷаҳоннамо ба каф.

Парваришат диҳад фалак, лекин аз ӯ ту бартарӣ,
Беш ниҳад, бале, хирад қимати гавҳар аз садаф.

Пардаи дидаву дилам фарш бувад ба роҳи ту,
Гар қадаме бад-ин тараф ранҷа кунӣ, зиҳӣ шараф!

Қиблаи ҷони аҳли дил мастиву бехудӣ бувад,
Ваҳ, ки ба зуҳду тавба шуд беҳуда умрҳо талаф.

Бонги дафина хуш бувад хоҷаи заршуморро,
Муфлиси дурдхораро хуштар аз ин садои даф.

Меҳнати бодия макаш Ҷомиву азми Кӯфа кун,
Шав пайи ҳаҷҷу умра ҳам тоифи машҳади Наҷаф.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»