Аз дари баставу девори баланди ту ба танг

Аз дари баставу девори баланди ту ба танг
Омада бо дару девор аз ин ғусса ба ҷанг.

Гуфтаӣ, шаб дари мо чанд занӣ, ин на дуруст,
Аз дили сахти ту бар сина ҳамекӯбам санг.

То ба гӯши ту расад нолаи ман, мехоҳам,
Ки ба базми ту кунам аз раги ҷон риштаи чанг.

Додаам дил ба ту, аз сурати мижгони ту пар
Бастаам бар камарат таркаше аз тири хаданг.

Чӣ кунам чора, ки карданд дар ин луҷҷаи Нил
Гавҳари васли туро таъбия дар коми наҳанг.

Набарад нақши хати сабзи туро гиря зи дил,
Нашавад пок ба шустан зи рухи ойина занг.

Номи Ҷомӣ чӣ бувад нанги ҳама бадномон,
Ринди расвошуда аз номи накӯ дорад нанг.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»