Шароби лаъл бидеҳ, соқиё, ки як-ду-се дам

Шароби лаъл бидеҳ, соқиё, ки як-ду-се дам
Раҳам зи шуғли сияҳкории давоту қалам.

Ба дил, ки чун варақи нонавишта покиза аст,
Чаро кашам зи хаёли дурӯғу рост рақам.

Дилам зи ранги дурангӣ гирифта, чанд кунам
Саводи шаъри қарин бо баёзи шеър ба ҳам.

Ба васфи рӯйи ғизолон ғазалсароӣ чанд?
Ба фикри қофия пуште чу зулфи эшон хам!

Кудурати хату шеърам куҷо барад зи замир
Ба ҷуз сафои маю лаҳни зеру нағмаи бам.

Вале, дареғ, ки тай шуд зи базмгоҳи умед
Зи дастбурди лаимон бисоти лутфу карам.

Сафоли дурд туро бас зи дасти дурдкашон,
Ҳадиси ҷом макун, Ҷомиву ҳикояти Ҷам!

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»