Дур аз туам афтода бар бистари дарду ғам

Дур аз туам афтода бар бистари дарду ғам,
Як пой дар ин олам, як пой дар он олам.

Роҳи дилу динам зад он орази гандумгун,
Набвад ба ҷуз ин маънӣ мероси ман аз Одам.

Хай карда рухат борад аз қурси қамар парвин,
Хандон даҳанат дорад дар ғунчаи тар шабнам.

То муҳр кунад дилро аз ҳар чӣ, на меҳри ту,
Ёқути лабат аз хат карда-ст сияҳ хотам.

Ту шоҳиди ҷонҳоӣ, ҳошо, ки хаёлатро
Ҷуз дидаи ҷон бошад дар пардаи дил маҳрам.

Бас ташнаҷигар мурда, дар бодияву ҷонаш
Дар саҳна ҳарам рақсон бар замзамаи Замзам.

Шуд қоидаи ёрӣ суст аз дили сахти ту,
Ҳарчанд зи санг омад бунёди бино муҳкам.

Дар мардумаш ояд хун аз нӯги мижа берун,
Бе лаъли лабат Ҷомӣ аз дил чу барорад дам.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»