Гоҳе, ки кашӣ теғ, ниҳам гардани таслим

Гоҳе, ки кашӣ теғ, ниҳам гардани таслим,
Ҳар бесару поро накушӣ, з-ин бувадам бим.

Бар аҳли дил омӯхтани ҳарфи ғаматро
Шуд синаи нохунзадаам тахтаи таълим.

Мустахриҷи аҳкоми шаҳидони фироқат
Аз хуни дилу дида кашад ҷадвали тақвим.

Ҳар ҷо, ки дарафтад сухани Сидраву Тӯбо,
Зикри қади раънои ту авлост ба тақдим.

Ҷаннатталабон гар лаби ширини ту бинанд,
Дар коми ҳама талх шавад Кавсару тасним.

Зад килки мусаввир пайи тасвири хати ту
Мушкин алифе, чанд рақам бар варақи сим.

Ҷомӣ кунад аз тангдилӣ ёди даҳонат,
Ҳар ҷо, ки бар ӯ танг шавад қофияи «мим».

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»