Биё, к-аз рӯйи соқӣ вақти гул бурқаъ барандозем

Биё, к-аз рӯйи соқӣ вақти гул бурқаъ барандозем,
Зи акси рӯйи он гулчеҳра гул дар соғар андозем.

Чу гирад хоби мастӣ наргиси он сарви гулрухро,
Зи гул болин ниҳем, аз фарши сабза бистар андозем.

Бигирем аз сари хум хишт в-аз лойи таҳи май гил,
Пайи ишрат дар ин хумхона тарҳи дигар андозем.

Зи бонги чангу лаҳни арғунуну нағмаи барбат
Фиғон дар торуми ин гунбади нилуфар андозем.

Садои мастии мо то ҳама офоқро гирад,
Аз ин боми зумуррадфом ин ташти зар андозем.

Агар ақли насиҳатгар ниҳад бунёди мастурӣ,
Ба як ҷуръа шароби талх бунёдаш барандозем.

Зи маҳрумист дурӣ аз ҳарими маҷлиси мастон,
Ба ҳар ҳолат тавон худро ба он маҷлис дарандозем.

Тараннум мекунад воиз чу май, хуш нест бе мутриб,
Биё, то сархушон худро ба пойи минбар андозем.

Наёромем чун киштӣ дар ин дарё, вале ҳар ҷо,
Ки вологавҳаре ёбем, он ҷо лангар андозем.

Фазои ин шикористон пур аст аз сайди парварда,
Чаро шабҳо зи ҳиммат бар шикори лоғар андозем.

Нашояд ташналаб рафтан суйи ҷаннат, биё, Ҷомӣ,
Ки худро пеш аз он аз хумми май дар Кавсар андозем.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»