GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Мо ринду ошиқему назарбозу майпараст

Мо ринду ошиқему назарбозу майпараст,
Бар мо ҳаром ҷуз маю маъшуқ, ҳар чӣ ҳаст.

Зоҳид кашид бар сафи хумҳои бода санг,
Ё Раб, мабод бар сафи ин пурдилон шикаст.

Дар интизори рӯйи ту будам нишаста дӯш,
То вақти субҳ ойинаи ҷоми май ба даст.

Пиндоштам, ки ламъаи нури ҷамоли туст,
Аз ҳар тараф ситора дурахшиду барқ ҷаст.

Олитар аст ҳиммати риндон зи шайхи шаҳр,
Оре, бувад басе ба ҷаҳон з-ин баланду паст.

Моро чӣ тоқати ту, ки бар кӯҳу санг тофт
Як партав аз ҷамоли ту, дигар камар набаст.

Ҷомӣ, ки дошт бодапарастӣ ҳамеша кор,
Паймон шикасту боз пайи кори худ нишаст.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Бе ҷамолат савти мутриб мояи дарду ғам аст
Абдураҳмони Ҷомӣ Хонаи дил харобкардаи туст
Абдураҳмони Ҷомӣ Лола бин дар Бесутун чун ғарқи хун афтодааст
Абдураҳмони Ҷомӣ Давлатам нест, ки бошам ба сухан дамсозат
Абдураҳмони Ҷомӣ Бар лабам оҳе намеояд, ки дардомез нест
Абдураҳмони Ҷомӣ Ба Худо, ғайри Худо дар ду ҷаҳон чизе нест
Абдураҳмони Ҷомӣ Чун камар баста маҳи ман ба сафар берун рафт
Абдураҳмони Ҷомӣ Сарви гуландоми ман тарфи кулаҳ баршикаст
Абдураҳмони Ҷомӣ Вақти гул шуд, базми ишрат бар лаби ҷӯ хуштар аст
Абдураҳмони Ҷомӣ Шунидаам, ки ба гул булбули саҳархон гуфт
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР