Ҳофизи Шерозӣ

50. Ба доми зулфи ту дил мубталои хештан аст

Ба доми зулфи ту дил мубталои хештан аст,
Бикуш ба ғамза, ки инаш сазои хештан аст.

Гарат зи даст барояд муроди хотири мо,
Ба даст бош, ки хайре ба ҷойи хештан аст.

Ба ҷонат, эй бути шириндаҳан, ки ҳамчун шамъ
Шабони тира муродам фанои хештан аст.

Чу ройи ишқ задӣ, бо ту гуфтам, эй булбул,
Макун, ки он гули хандон барои хештан аст.

Ба мушки Чину Чигил нест бӯйи гул мӯҳтоҷ,
Ки нофаҳош зи банди қабои хештан аст.

Марав ба хонаи арбоби бемуруввати даҳр,
Ки ганҷи офиятат дар саройи хештан аст.

Бисӯхт Ҳофизу дар шарти ишқбозӣ ӯ
Ҳанӯз бар сари аҳду вафои хештан аст.