Абдураҳмони Ҷомӣ

Бар лабам оҳе намеояд, ки дардомез нест

Бар лабам оҳе намеояд, ки дардомез нест
В-аз дилам дуде намехезад, ки оташрез нест.

Ҳар шаб оям бар дарат, дасти тиҳӣ овехта,
Муфлиси ишқи туро з-ин беш дастовез нест.

Куҳканро мурғи дил оҳанги авҷи ишқ кард,
Зӯри ин парвоз дар мурғи дили Парвиз нест.

Хубрӯ дар шаҳр бисёр аст, лекин ҳеҷ як
Чун ту хушгуфтору ширинкору шӯрангез нест.

Ғамзаат тир асту чашмат теғу мижгонат синон,
Ҳеҷ хуберо чу ту бозори хубӣ тез нест.

Дар ҳарими боғ кам ёбанд чун рӯят гуле
В-ар гуле ёбанд, гирдаш сунбули навхез нест.

Гӯ ба чашми худ, ки парҳезад зи хуни мардумон,
Мардуми беморро чизе беҳ аз парҳез нест.

Ҳеҷ боде чун сабо, к-аз зулф афшонад ғубор,
Дар машоми мо абиромезу анбарбез нест.

Ту ба нури талъат, ай маҳ, Шамси Табрез омадӣ,
Қиблаи Ҷомӣ чу Мавлоно ба ҷуз Табрез нест.