Ёди он рӯзе, ки бо хубон саре медоштам

Ёди он рӯзе, ки бо хубон саре медоштам,
Ҷон ба ҷононеву дил бо дилбаре медоштам.

Гар гуле мешуд ба боди бениёзӣ з-ин чаман,
Андалебосо ҳавои дилбаре медоштам.

Бу, ки гӯяндам, ки ҳаст андар фалон кишвар буте,
Гӯш бар афсонаи ҳар кишваре медоштам.

То магар ояд бурун зебонигоре аз даре,
Расми дарюза ба ҳар хоки даре медоштам.

То битобад ногаҳон моҳе зи олиманзаре,
Дида ҳар ҷо мешудам, бар манзаре медоштам.

Ҳар куҷо мурғе ба боми хубрӯе дидаме,
Гуфтаме, ман кош ҳам болу паре медоштам.

Баҳри тасхири парирӯён ба афсуни сухан
Дар бағал з-ашъори Ҷомӣ дафтаре медоштам.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»