Ай зада навбати ғамат нолаи субҳгоҳиям

Ай зада навбати ғамат нолаи субҳгоҳиям,
Санги ҷафои ту ба сар гавҳари тоҷи шоҳиям.

Ман, ки кулаҳ ниҳодаме каҷ зи ғурури сарваре,
Дар сари бандагӣ-т шуд нахвати каҷкулоҳиям.

Пир наям, ки пирро ишқи ҷавон ҷавон кунад,
Сели дамодами мижа шуст зи мӯ сиёҳиям.

Дод намедиҳӣ, мадеҳ, бас бувад ин ки гаҳ-гаҳе
Ҷой кунад ба гӯши ту наъраи додхоҳиям.

Чун нашавам ба давлати бандагии ту муфтахар,
Ман, ки ба мансаби сагӣ бар дари ту мубоҳиям.¹

Шуд тани хастаам чу мӯ, ранги шикастаам чу каҳ,
Чанд зи ғам гузориям, чанд зи ғусса коҳиям.

Ҷомияму маро лақаб хокнишини мастаба,²
Муфтии шаҳр, гӯ, махон сӯфии хонақоҳиям.


¹ Мубоҳӣ – сарафроз, ифтихоркунанда.
² Мастаба – майхона.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»