Киям ман, ки васлат таманно кунам

Киям ман, ки васлат таманно кунам,
Бад-ин дида рӯят тамошо кунам.

Ҳамин бас, ки аз худ гирифта канор,
Миёни сагони дарат ҷо кунам.

Амома¹ маро дарди сар медиҳад,
Ба ҳар ҳила онро зи сар во кунам.

Зи фарқи худаш баҳри дурдикашон
Фуруд ораму дард боло кунам.

Ниҳам субҳа з-ангушту хирқа зи пушт,
Ба он ҳар чӣ бояд, муҳайё кунам.

Ба субҳа² харам донае чанд нуқл
Куҳанхирқаро раҳни саҳбо кунам.

Чу Ҷомӣ пайи ёри яктои хеш
Дили худ зи ҳар чиз якто кунам.


¹ Амома (аммома) – салла, дастор.
² Субҳа – тасбеҳ.

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ «ХОТИМАТУ-Л-ҲАЁТ»