GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Абдураҳмони Ҷомӣ Шунидаам, ки ба гул булбули саҳархон гуфт

Шунидаам, ки ба гул булбули саҳархон гуфт,
Ки шукри неъмати субҳи висол натвон гуфт.

Даруни ғунча чаро хуну ҷайби гул чок аст,
Агарна мурғи чаман достони ҳиҷрон гуфт?!

Самоъи лаҳни муғаннӣ хуш асту ин нукта
Зи шохи сарви саҳӣ қумрии хушилҳон гуфт.

Чу завқи бодаи ваҳдат наёфт ҷони ҳаким,
Аз он чӣ суд, ки бар нафйи ширк¹ бурҳон гуфт?!

Диле, ки ёфт ба шабзиндагӣ зи ҷоми сабуҳ,
Нишон зи Хизру сиёҳиву Оби Ҳайвон гуфт.

Замона нағмаи ушшоқу ашкрезӣ-шон
Чу дид, қиссаи Нуҳу ҳадиси тӯфон гуфт.

Ғизои хеш кун аз тарки луқма, к-ин маънӣ
Бувад хулосаи ҳар ҳикмате, ки Луқмон гуфт.

Мабанд лаб зи насиҳат, ки мӯр баҳри Худо
Ба ҳамсарон хабар аз мақдами Сулаймон гуфт.

Бувад шикояти Ҷомӣ зи фаҳми мустамеъон,
Хуш он ки нуктаи мармуз бо сухандон гуфт.

¹ Ширк – куфр, аз рӯйи ақидаи Ислом Худоро яккаву ягона надониста, ӯро шарикдор ҳисоб кардан.

Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт. – Душанбе: «Адиб», 2016, 480 саҳ.

Абдураҳмони Ҷомӣ Соқиё, май деҳ, ки саҳро сабзу бустон хуррам аст
Абдураҳмони Ҷомӣ Турки шириншамоиле, ки марост
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҷилваи ҳусни ту куҷост, ки нест?!
Абдураҳмони Ҷомӣ Ёри дурӯғваъдаи бебоки ман куҷост?!
Абдураҳмони Ҷомӣ Онон, ки дасти рад ба рухи мо ниҳодаанд
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҷилваи гул рухат аз турраи чун сунбул кард
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳар кӣ аз майкадаи ишқи ту бӯе шунавад
Абдураҳмони Ҷомӣ Зи шавқат занам дам, забонам бисӯзад
Абдураҳмони Ҷомӣ Ёр ҳар дам сари бозори дигар металабад
Абдураҳмони Ҷомӣ Гарчи сад ҷон дар раҳи ҷонон зиён хоҳем кард
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Абдураҳмони Ҷомӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР